Намояндагони ҲХДТ бо сокинони Панҷ мулоқот карданд

Апрель 18, 2013 16:10

Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар ноҳияи Панҷ дар раванди омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии имсола бо қарори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон рӯзҳои ҲХДТ дар маҳаллаву ҷамоатҳои ин ноҳия гузаронида мешавад.  Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ҳизб дар ин доира рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Нури ваҳдат рӯзи ҲХДТ бо иштироки васеи сокинони деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолони ҳизб ва зиёиён хотирмону судманд гузашт. Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ёғибек Носиров оид ба мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа, хизматҳои Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани комёбиҳои даврони истиқлолият андешаҳои худро баён намуд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар ҳамаи деҳаҳо вохӯриву суҳбатҳо ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ бо ташаббуси аъзои Ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ» ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» баргузор мегарданд. Сомонаи ҲХДТ афзудааст, ки аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизб бо дастгирии соҳибкорони саховатманди деҳот ва ноҳия ба 35 нафар аз оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷанги меҳнат, омӯзгорону толибилмони фаъоли мактабҳои деҳот, кишоварзону соҳибкорон ва варзишгарони беҳтарини ин ҷамоат туҳфаҳо тақдим шуд ва интизор меравад, ки дар ҷамоати деҳоти Нури ваҳдат бинои дорухона аз ҷониби соҳибкор, аъзои ҲХДТ Миралӣ Назаров ва бинои дуошёнаи сехи дӯзандагӣ дар қишлоқи Пашор аз тарафи соҳибкор ва ҷонибдори ҲХДТ Абдулло Луқмонов ба истифода дода шаванд.

Апрель 18, 2013 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд