Натиҷаи амалиёти «Чароғаки раҳнамо ва як моҳи бехатарӣ»

Апрель 22, 2013 11:50

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи интизомнокии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ба танзим даровардани ҳаракат ва истифодаи воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои пойтахт, алалхусус воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ошкор намудани вайронкуниҳои дағали қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз қабили риоя накардан ба талаботи чароғакҳои раҳнамою хатҳои уфуқӣ, идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати сархушӣ, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бо шишаҳои сиёҳкардашуда, бе рақамҳои қайди давлатӣ, бо рақамҳои бегона, истифодаи ғайриқонунии таҷҳизоти махсуси садою равшанидиҳанда дар воситаҳои нақлиётӣ аз 17 апрели соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе «Як моҳи бехатарӣ» ва амалиёти «Чароғаки раҳнамо» ҷараён дорад. Тавре ки аз маркази матбуоти ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар давоми ду рӯзи гузаронидани чорабинии мақсаднок дар роҳҳои пойтахт 1485 далели вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор шудааст. Аз ҷумла, 10 далели идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 82 далели идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 18 далели итоат накардан ба талаботи корманди милитсия 14 далели идора намудани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳкардашуда, 92 ҳолати истифодаи телефони мобилӣ зимни идораи воситаи нақлиёт, 485 далели гузаштан ҳангоми ранги сурхи чароғаки роҳнамо ва 938 намуди дигари вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуд.

Апрель 22, 2013 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд