Натиҷаи назорати санитарию эпидемиологӣ

Апрель 22, 2013 13:39

Кӯлоб, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Масъулини маркази назорати санитарию эпидемиологӣ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ва маркази назорати давлатии санитарии вилояти Хатлон мағозаҳои хӯроки умумӣ, бозорҳо ва дигар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти истеъмолиро санҷиданд. Дар 3 моҳи соли ҷорӣ 7 санҷиши муштарак гузаронида, дар натиҷа барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ санадҳои маъмурӣ тартиб дода, вайронкунандагони қонунро ба маблағи 800 сомонӣ ҷарима бастанд.

Апрель 22, 2013 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш