Номзадҳои ҷоизаҳои Айниву Турсунзода муайян шуданд
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳии пӯшида номзадҳои аслии ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Турсунзодаро муайян ва эълон кард. Аброри Зоҳир барои романи «Арсаи набарди гургон», Равшани Махсумзод барои маҷмӯи ҳикояву қиссаҳои «Пули сирот», Марямбонуи Фарғонӣ барои китоби «Шаҳболи хаёл» дар бахши наср ва Насими Раҷабу Холназар Муҳаббатов дар бахши адабиёти наврасон ва очерк муддаиёни ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ дониста шуданд. Барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шоирон Раънои Мубориз, Давлат Сафар, Аҳлиддин Ҳисорӣ ва Неъмати Оташ пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин Раёсати ИН шоири маъруфи тоҷик Низом Қосимро дар бахши тарҷума (Тарҷумаи чор драмаи манзуми классикаи ҷаҳон—Софокл, Шекспир, Готси, Брехт) ба ҷоизаи адабии ба номи Турсунзода пешбарӣ намудааст. Гуфа мешавал муҳлати баррасӣ ва изҳори назар ба асарҳои пешниҳодшуда то 14-уми июни соли ҷорӣ идома ёфта, баъдан раёсати Иттифоқи нависандагони кишвар барандагони ҷоизаҳои адабиро муайян хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






