«Рӯзи дарҳои кушода барои намояндагони ВАО» дар Вазорати меҳнат

Апрель 27, 2013 15:50

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- 27-уми апрел Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат «Рӯзи дарҳои кушода барои намояндагони ВАО»-ро эълон намуд. Дар ин чорабини теъдоди зиёди намояндагони ВАО-и кишвар иштирок ва аз натиҷаи кори Вазорат ва сохтору идораҳои тобеи он дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ошно гардиданд. Гуфта шуд, ин тасмим ҷиҳати татбиқи саривақтии дастуру супоришҳое, ки аснои ироаи паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ дар назди Вазорат гузошта шуда буданд, гирифта шудааст. Ҳамчунин, барои рӯзноманигорон имкон фароҳам оварда шуд, то бо сардорони ниҳодҳои тобеи Вазорат дидору гуфтушунид намуда, ба суолҳои худ посух гиранд. Дар охир Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҳузури намояндагони ВАО аз фаъолияти семоҳаи Вазорат як навъ натиҷагирӣ намуда, даир ба фаъолияти густурда ва фарохи ниҳодҳои тобеи он маълумот дод. Дар баробари ин, вазир ба суолҳои рӯзноманигорон посухҳои дақиқу мушаххас дод.

Апрель 27, 2013 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд