Равобити ҳасанаи Душанбею Деҳлӣ нерӯи тоза касб мекунад

Апрель 15, 2013 16:27

Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Боздиди Шумо аз Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳои Тоҷикистону Ҳиндустон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, бахусус дар равобити байнипарлумонӣ». Ин нуктаро Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни мулоқот бо Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ-ноиби Президенти Ҳиндустон таъкид кард. Мусоҳибон маҷмӯи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро матраҳ намуданд. Шукурҷон Зуҳуров тавсеаи равобити Душанбе ва Деҳлиро дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони он арзёбӣ кард. Ба масъалаи равобити байнипарлумонӣ дахл намуда, раиси палатаи поёнии Парлумони ҷумҳурӣ гуфт, ки сафарҳои ҳайатҳои парлумонии ду кишвар ба ҷумҳуриҳои якдигар, ки соли гузашта сурат гирифта буд, дар тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ нақши муассир гузоштанд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳои ҳасанаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои энергетика, ҷалби сармоя, саноат, илм, фарҳанг, омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ ва соири масоили марбут ба тақвияти муносиботи Душанбею Деҳлӣ табодули назар намуданд. Зикр шуд, ки ҷониби Ҳиндустонро зарур аст, то дар масъалаи ҷалби сармоягузорони ҳиндӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз имкониятҳо истифода барад. Дар ин замина Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, то тоҷирони ҳавасманди Ҳиндустонро ҷиҳати ҳамкорӣ ба Тоҷикистон даъват намояд.Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ -ноиби Президенти Ҳиндустон таъкид кард, ки аз раванди рў ба рушди муносиботи Ҳиндустон бо Тоҷикистон қаноатманд ва хостори густариши ҳарчи бештар дар бахшҳои мухталиф аст.  Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ дар фарҷоми мулоқот аз Шукурҷон Зуҳуров даъват намуд, ки дар замони барояш муносиб аз Ҳиндустон боздид намояд.

Апрель 15, 2013 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд