«Созандагони Ватан» латукӯби Алишер Чақаловро маҳкум мекунад
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-23 апрели соли равон дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ гуруҳи номаълум ба ду нафар ронандаи ҷавон, ки дар сохтмони хонаи истиқоматӣ барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ машғули кор буданд, дарафтода, яке аз онҳоро сахт латукӯб кардаанд. Аз рӯи нақли яке аз ҷабрдидаҳо Рустам Тошмуродов онҳо ҳамроҳи Алишер Чақалов баъд аз анҷоми вақти корӣ тахминан соати 19-и шом ба ҳаммом равона мегарданд. Дар роҳ гуруҳи ҷавонони маҳаллӣ, ки иборат аз ҳафт нафар буданд, пеши роҳи онҳоро мегиранд ва бо мақсади номаълум «шумо бачаҳои Алфаед?» гӯён пурсон мешаванд. Ҳарду ҷавон ҷавоби рад дода мегӯянд, ки онҳо ронандаанд ва барои сохтмон сангу шағал мекашанд.Баъди бозгашт, тахминан наздики соати 21-и шаб, вақте аз пеши ҳамин гуруҳи ҳафтнафара мегузаранд, ногаҳон аз қафо ба онҳо ҳуҷум намуда, яке аз ҷавонҳо-Алишер Чақаловро сахт латукӯб мекунанд, ки ӯ дар ҳолати ношинохтанӣ қарор мегирад. Рустам Тошмуродов ба зудӣ худро раҳо карда, бо мақсади расондани ёрӣ сӯи отряди ҳарбӣ меравад. Бино ба маълумоти шоҳидони ҳол ин бори аввал нест, ки сохтмончиёне, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат барои ободкориву созандагӣ ба ВМКБ сафарбар мешаванд, аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонони маҳаллӣ мавриди таҳдид ва ё таҳқиру латукӯб қарор мегиранд.Аз ин хотир Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» амали ноҷавонмардонаеро, ки нисбат ба Алишер Чақалов аз ҷониби гуруҳи ҷавонон ба миён омадааст, маҳкум намуда, аз сохторҳои дахлдор хоҳиш менамояд, ки ин ҳодисаро дар доираи қонун баррасӣ намоянд ва пеши ин гуна кирдорҳои ношоиста гирифта шавад. Ҳамзамон аз кулли ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъват ба амал меорад, ки барои ободиву созандагии диёр саҳмгузор бошанд ва нагузоранд, то ҳар гуна гуруҳҳои манфиатҷӯ аз нерӯву қувваи ҷавонон барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода кунанд, зеро имрӯзу фардои тақдири Ватан дар дасти мо, ҷавонон аст.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






