Тағйирот ба қонуни воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ
Душанбе, 18 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони мамлакат ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» тағйиру иловаҳо ворид намуд. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ Рустам Назаров ва Саттор Холов-вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат лоиҳаи қонуни мазкурро дар назди вакилон шарҳ доданд. Зикр шуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ барои таҳияи лоиҳаи «Тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобуд сохтани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропие, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шудаанд», таҳия гардидааст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






