Тағйирот ба лоиҳаи қонуни ҳунарҳои бадеии халқӣ
Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 15 апрел таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир гардид, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» баррасӣ гардид. Дар ҷаласа ҳамзамон Конвенсияи қолабии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти муҳандисии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, таъсиси гуруҳи корӣ оид ба интишор намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав муҳокима гардид. Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова, Амирқул Азимов ва дигар аъзои Шӯро доир ба масъалаҳои баррасишуда ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонунҳои мазкур такмил ва беҳтар намудани сатҳу сифати қонунҳо мебошад. Дар фарҷом баъзе аз масъалаҳо ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ва бархе дигараш барои ташхиси ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






