Таҷлил аз «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»

Апрель 3, 2013 10:30

Ваҳдат, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – 5 апрел дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат «Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» зери унвони «Ҳақназари ҳақиқатсаро» гузаронида мешавад. Дар ин рӯз бахшида ба 70-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб вохӯрии адибону хонандагони шаҳри Ваҳдат бо соҳибҷашн барпо мешавад. Намояндагони ҷумҳурӣ ва адибону шоирон дар ин ҷашн иштирок менамоянд.Дар ин бора мудири шуъбаи фарҳанги Ваҳдат Эркамоҳ Мирзоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Апрель 3, 2013 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш