Таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ дар минтақаи Кӯлоб
Кӯлоб, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Маркази кадастри замини минтақаи Кӯлоб бо мақсади татбиқи азнавташкилдиҳии ташкилотҳои кишоварзӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ, инчунин ҷорӣ намудани системаи моҳворавии координатҳо, корҳои заминсозӣ, геодезӣ, харитасозӣ ва дигар самтҳои ҳуқуқи истифодабарии замин ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Директори марказ Карим Сафаров гуфт, ки мақсад аз таъсиси марказ мусоидат ба ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ, инчунин ба онҳо ройгон додани сертификати замин мебошад. Масъулини марказ дар давоми се моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби 5 ноҳия: Фархор, Муъминобод, Шӯрообод, Восеъ ва Ҳамадонӣ 104 хоҷагии деҳқонии коллективиро азнав ташкил дода, 715 хоҷагии деҳқонии оилавию инфиродиро бо сертификати замин таъмин кардаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






