Устод Айнӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ибтикори кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳони факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 25-уми апрели соли 2013 конфронси донишгоҳӣ дар мавзўи «Шуҳрати ҷаҳонии Садриддин Айнӣ» доир мегардад. Тибқи барнома дар конфронс маърӯзаҳои сершумор, аз ҷумла, дар мавзуоти «Садриддин Айнӣ ва адабиёти ҷаҳон», «Айнӣ ва адабиёти рус», «Садриддин Айнӣ дар нақди адабии рус», «Садриддин Айнӣ-педагоги барҷаста», «Мероси Садриддин Айнӣ дар китобҳои мактабӣ» шунида хоҳанд шуд. Маърӯзаҳо аз ҷониби докторони илм, профессорон ва донишҷӯён таълиф гардидаанд.Бинобар гуфтаи созмондиҳандагони конференсия, дар ҷамъомади мазкур ҳамчунин паҳлуҳои мухталифи ҳаёт ва эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод С.Айнӣ мавриди баррасию омӯзиш қарор дода мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






