Вохӯрӣ бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Душанбе вохӯрии раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор шуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2012 дар БДА ҶТ «Амонатбонк» баррасӣ шуд ва ҳамчунин меҳмонон перомуни масъалаҳои рушди соҳа ва роҳҳои бартараф кардани мушкилоти дар соли 2013 дар фаъолияташон ҷойдошта ибрози ақида намуданд. Дар давоми вохӯрӣ масъалаи вазъи иқтисодии минтақа ва таъсири он ба иқтисодиёту молия мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар доираи муҳокимаи барномаи Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои иҷрои нишондиҳандаҳои назоратӣ оид ба макроэктисодиёт ва сиёсати молиявӣ муҳокима гардиданд. Масъалаҳои дигаре, ки мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифтанд, ин сиёсати молия ва андоз, мушкилии бонкҳои ҷумҳурӣ ва роҳҳои ҳалли он буд. Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






