Воситаҳои нақлиётӣ барои қӯшунҳои сарҳадии ҶТ
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан М.Эллиотт ва шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорат воситаю таҷҳизоти нақлиётиро чун кӯмаки бебозгашт ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон супурданд, ки арзиши онҳо беш аз 2 миллион долларро ташкил медиҳад. Таҷҳизот дар ҳошияи фаъолияти Барномаи мубориза бо маводи нашъаовари ҳайати фармондеҳони марказии ИМА тақдим гардид. Дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Дар ин маросим Сафири ИМА зикр намуд, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳадафу мақсадҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бо хавфи қочоқи маводи нашъаовар ва гардиши ғайриқонунии он қадр мекунад. Таҷҳизоти зикршуда байни посбонгоҳҳои сарҳадоти Тоҷикистон тақсим карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






