Забондонӣ ҷаҳондонист
Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- 6 апрел дар Душанбе Анҷумани солонаи омӯзгорони забони фаронсавӣ баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии ДДОТ ба номи С.Айнӣ иттилоъ доданд, анҷумани мазкур бо ташаббуси кафедраи забони фаронсавии факултаи забонҳои романӣ-германии донишгоҳ якҷо бо Маркази фарҳангии «Бохтар» ва раёсати донишгоҳ ташкил шуд. Сарвари таълимгоҳ А.Раҳмонов пиромуни аҳамият ва муҳимияти омӯзиши забони фаронсавӣ ва истифодаи бовусъати технологияи навин дар дарсҳо изҳори андеша намуд. Дар идомаи анҷуман ҳамчунин сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа ва директори Маркази фарҳангии «Бохтар» Тимоте де Майяр сухан гуфтанд. Маркази фарҳангии «Бохтар» бо курсҳои забономӯзии худ дар рушди соҳаи маорифи кишвар нақши муассир дорад. Мақсаду мароми донишгоҳ якҷо бо Маркази «Бохтар» аз ин анҷуман рушд ва таблиғу ташвиқи забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон буда, яке аз ҳадафҳояш ҳамасола гузаронидани чунин анҷуман барои омӯзгорони забони фаронсавӣ ва баргузории озмунҳо байни омӯзгорону донишҷўён мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






