Ғамхорӣ дар ҳаққи насли ҷавон- самти муҳими фаъолияти Президент
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Фардо дар «Кохи Борбад» мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷавони кишвар сурат мегирад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат бо ҷавонон чор маротиба мулоқот анҷом дод, ки дар онҳо бисёре аз масоили умдаи марбут ба ҳаёти насли наврасу ҷавон баррасӣ ва ҳал гардиданд. Дар баробари ин Сарвари кишвар дар ҳама сафарҳои корӣ, чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар бо ҷавонон пайваста силсилаи вохӯриҳоро анҷом дода, роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи зиндагии онҳо пурсон мешавад ва бобати бартараф гардидани мушкилот ва мусоидат дар рушду ташаккули шахсияти насли ҷавон дастурҳо медиҳад. Вохӯриву сӯҳбатҳо, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҷавонон дар ҷараёни сафарҳои Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳо сурат мегиранд, дар ҳаёти ҷавонон дигаргуниҳои зиёдро ба миён оварданд. Мулоқотҳои пайвастаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷавонон боварии комил дорад ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ҷавон аз самтҳои муҳими фаъолияташ аст. Дар мулоқоте, ки фардо доир хоҳад шуд , ташкили намоишгоҳи китоб, ҳунарҳои дастиву либосҳои миллӣ ва ихтирооту дастовардҳои илмиву техникии қишри ҷавон,ҳамчунин баргузории барномаи фарҳангӣ пешбинӣ мегардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






