Қатъи ҳаракати нақлиёт дар қисмати ҷанубии купрӯки хиёбони С.Шерозӣ
Душанбе, 16 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шуруъ аз имрӯз- 16 май ҳаракати нақлиёт дар қисмати ҷанубии купрӯки хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт қатъ карда шуд. Фаррух Ҷалилов-сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва таъмири роҳҳои пойтахт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин тадбир дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 9 апрели соли равон «Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар иншооти навсозӣ намудани қисмати ғарбии кӯпруки хиёбони Саъдии Шерозӣ -кӯчаи Соҳилӣ ва гардишҳои нақлиётии он» андешида шудааст. Ҳадафаш ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ мувофиқ намудани роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ мебошад. Яъне, роҳи зери купрӯки хиёбони С. Шерозӣ васеъ карда шуда, ҳаракати нақлиёт минбаъд дар ин роҳ дар чор хати ҳаракат сурат мегирад. Фаррух Ҷалилов афзуд, ки корҳои навсозии иншооти мазкур дар ду марҳила амалӣ мешаванд. Марҳилаи аввали он дар қисмати ҷанубии кӯпрук аз 16 май то июли соли равон ҷараён мегирад. Марҳилаи дуюм дар қисмати шимолии кӯпрук аз мохи июл шуруъ гардида, интизор меравад то октябр анҷом ёбад. Корҳои таъмиру таҷдидро дар ин иншоот мутахассисону роҳсозони ҶДММ «Мостотряд» ба анҷом мерасонанд. Барои таъмиру таҷдиди иншооти мазкур аз буҷаи шаҳри Душанбе 15,5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Мавриди зикр аст, ки ронанадагони воситаҳои нақлиёт имкон доранд, то анҷоми корҳои сохтмонӣ дар қисмати ҷанубии кӯпруки хиёбони С. Шерозӣ тавассути қисмати шимолии кӯпруки хиёбони С. Шерозӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Неъмат Қарабоев, кӯпруки кӯчаи Абай, хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаҳои ҳамшафати он ҳаракат намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






