Ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ аз соҳибкасб будан оғоз мегардад

Май 17, 2013 16:45

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирӯз сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов доир ба масъалаҳои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ мулоқот доир намуд.  Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, мақсад аз вохӯрӣ муҳокимаи мушкилоти таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ва забономӯзии онҳо, таъмин бо ҷойи кор дар бозори меҳнати хориҷӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, алалхусус дар Федератсияи Русия буд. Сардори Хадамоти муҳоҷират зикр намуд, ки муассисаҳои касбию техникӣ кайҳо бояд ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонида шуда, марказҳои таълимиро дар навоҳии дурдасти ҷумҳурӣ таъсис намудан ба мақсад мувофиқ аст. Дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон доир ба мустаҳкам намудани заминаҳои таълими касбӣ ва забономӯзӣ дар маркази ноҳияҳо, ташкили намояндагиҳои Омӯзишгоҳҳои касбӣ -техникӣ (ОКТ) — Комбинати омӯзишӣ — истеҳсолӣ (УПК) дар синфҳои болоии макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, баромадан ба бозори меҳнати давлатҳои мутараққӣ ва дигар масъалҳои танзими раванди муҳоҷират дар дохили кишвар ибрози андеша намуданд. Инчунин дар мулоқот оид ба вазъи раванди муҳоҷират дар дохили кишвар, ҳамкории зичи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар танзими будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ҳамкорӣ дар самти нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои нигоҳдории муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Май 17, 2013 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад