Ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ

Май 16, 2013 10:47

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 16 май дар шаҳри Одесса чаласаи 69 – уми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.Аз ҷониби Тоҷикистон дар кори ҷаласа муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии кишвар Шералӣ Мирзо иштирок менамояд.Дар ин бора аз маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Иштирокдорони ҷаласа вазъияти сарҳадҳои хориҷӣ ва масоили ҳамкории муассисаҳои сарҳадоти кишварҳои ИДМ – ро баррасӣ намуда, натиҷаи машварати сеюми минтақавии роҳбарони муассисаҳои сарҳадоти кишварҳои Иттиҳод дар минтақаи Осиёи Марказиро ҷамъбаст мекунанд. Дар ҷаласа ҳамчунин муҳокимаи масоили марбут ба таҳкими амнияти сарҳадоти давлатҳои аъзои Иттиҳод, омодагӣ ва таҷлили 70 — умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иҷрои корҳои муштарак ва ғайра дар назар аст.

Май 16, 2013 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш