Анҷумани омӯзгорони забони олмонӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз бо ибтикори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ассотсиатсияи омӯзгорони забони олмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази иттилоотии DAAD дар бинои асосии донишгоҳи мазкур Анҷумани VIII-уми омӯзгорони забони олмонӣ баргузор гардид. Дар он сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон Дорис Ҳертрампф, роҳбари бахши забон дар Институти ба номи Гётеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фридерике Мёшел, директори Бюро оид ба ҳамкориҳои Швейтсария Петер Микула ва намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов пиромуни раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хоса, забони олмонӣ гуфт, ки дар Донишгоҳи омӯзгорӣ дар радифи дигар забонҳо, аз қабили забони англисӣ, русӣ, франсавӣ ва ғайра таваҷҷуҳи муҳассилин ба забони олмонӣ низ зиёд аст. Дар донишгоҳ факултаи забонҳои романӣ-германӣ фаъолият менамояд, ки муаллимони хуби забони олмонӣ дар он ба тадрис машғул ҳастанд. Факултаи мазкур бо технологияҳои муосир комилан муҷаҳҳаз мебошад. Итминони комил ҳаст, ки дар ояндаи наздиктарин раванди омӯзиши забони олмонӣ дар донишгоҳ боз ҳам густариш ёбад.Дорис Ҳертрампф, сафири Олмон, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ва умуман Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забони олмонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҷараёни тадриси забони олмониро дар муассисаҳои таълимии мамлакат мақбул арзёбӣ намуд. Дар анҷуман ҳамзамон намояндагони Вазорати маорифи ҶТ, Маркази иттилоотии DAAD дар Душанбе, Бюро оид ба ҳамкориҳои Швейтсария сухан гуфтанд.Дар қисмати дувуми анҷуман, ки дар бахшҳо идома ёфт, масоили мухталифи ҳалталаб доир ба таълими забони олмонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Анҷуман кори худро пагоҳ, 11-уми май низ давом хоҳад дод. Дар ин бора котиби матбуотии Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






