Бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 60- сола шуд
Душанбе, 27 май.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Таҷлили 60- солагии шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Суғд дар театри мусиқӣ — мазҳакавии Камоли Хуҷандӣ 25 май баргузор гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, раиси вилоят Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ дар ҳузури аҳли зиё, шоирону наисандагон, мунаққидони соҳаи адабиёт, устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят ва меҳмонону иштирокдорони чорабинии идона аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумату давлат ба аҳли эҷоду қалам ёдовар шуд ва фаъолияти муназзам ва пурвусъати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва бахши суғдии онро оинаи рўшани пайванди сиёсат ва адабиёт унвон кард.Ӯ ҳамчунин аз дастовардҳои солҳои охири ин шуъба ёдовар шуда, изҳор дошт, ки: «Ба дасти чоп расидани намунаҳои шеърии шоироне, чун Фарзона, Озарахш, Гулноз, Суруш, Адиба, Нуралӣ Нурзод, Дилором дар кишварҳои Эрону Афғонистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон рамзи эътирофи шеъри навини мо дар ин манотиқи ҷаҳон ва маҷмўан таҳаввулоти тоза дар раванди адабиёти имрўзи тоҷик маҳсуб меёбад.»Раиси вилоят инчунин изҳор дошт, ки дар 5- 6 соли охир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зиёда аз 50 номгӯй асарҳои адибон нашр шуда, ба дасти хонандагони нуктасанҷ расидаанд.Дар маҳфили идона ҳамзамон раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, Фарзона ва дигарон сухан гуфта, аз фаъолияти густурдаи адибони ҳавзаи адабии Суғд ёдовар шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






