Баргузории Шӯрои маорифи назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё
Душанбе, 21 май .(АМИТ «Ховар» Руқияи Боймамад).-21 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXXIII Шўро оид ба маорифи назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор мегардад, ки дар кори он аъзои Шўро, коршиносони тарафҳо дар соҳаи маориф, намояндагони котиботи Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, масъулони вазоратҳои маорифи давлатҳои аъзои Иттиҳод, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.Дар кори Шўро 7 масъала, аз қабили ташкили Агентии рейтинги Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё оид ба баҳодиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои аъзои Иттиҳод; дар бораи таҳлили қиёсии низоми миллии омода намудан, такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои омўзгорӣ; дар бораи иҷрои нақшаи чорабиниҳои муштарак барои солҳои 2011-2013 ва солҳои минбаъда ва ғайра муҳокима мешавад.Дар ҷаласа котиби масъули Шўро аз сари нав таъйин мешавад ва ҳамзамон роҳҳои ташкили Агентии рейтинги Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё оид ба баҳодиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои аъзои Иттиҳод муҳокима хоҳанд шуд.Дар назар аст, ки лоиҳаи Консепсияи Агентии рейтинги Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё такмил дода шавад ва ҳамзамон ҷиҳати дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор намудани семинари байналмилалӣ оид ба мушкилоти такмили ихтисоси кадрҳои омўзгорӣ қарор қабул мешавад.Баргузории ҷаласаи навбатии Шўро дар нимсолаи дуюми соли 2013 дар Ҷумҳурии Беларус дар назар аст. 21 майи соли 2013 дар кохи «Ваҳдат» аз рўи натиҷаҳои кори Шўро оид ба маорифи назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






