Боз як синфхона бо технологияҳои муосир

Май 30, 2013 15:45

Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамдастӣ бо ширкати ТАЛКО як синфхонаи васеъ бо технологияҳои навтарин ҷиҳозонида шуд.Бино ба иттилои Бахтиёри Абдураҳим-котиби матбуотии донишгоҳ зимни ифтитоҳи аудиторияи мазкур, ки бо иштироки намояндагони муассисаи ТАЛКО баргузор гардид, ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов зикр кард, ки барои тақвият бахшидани базаи техникии таълимгоҳ боз як синфхона бо 30 адад компютери насли чорум, як адад тахтаи электронӣ ва як адад проектор ҷиҳозонида шуд. Маблағи умумии ашёи техникӣ, ки 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҷониби ширкати ТАЛКО пардохт гардид.А.Раҳмонов, ҳамчунин, бо ишора ба нигоштаҳои баъзе нотавонбинон дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки вазъи техникии донишгоҳро ғайримақбул қаламдод менамоянд, таъкид намуд, ки айни замон дар кулли синфхонаҳои компютерӣ, факултаҳо, кафедраҳо, китобхонаи электронӣ ва шуъбаю марказҳои таълимгоҳ дастрасӣ ба интернет имконпазир мебошад. Ҳолати техникии донишгоҳ дар муқоиса ба 2 соли охир чандин маротиба пурқувват гардидааст. Дар ҷамъомад, ҳамзамон, гуфта шуд, ки тақвиятбахшии базаи техникии донишгоҳ ҷиҳати амалинамоии нуктаҳои Президенти ҷумҳурӣ дар Паём ва мулоқот бо ҷавонон идома хоҳад ёфт.

Май 30, 2013 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд