Иштироки Ҳ. Зарифӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД
Душанбе, 27 май (АМИТ «Ховар»).-27 майи соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлаҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва ҷаласаи якҷояи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯрои амнияти давлатҳои аъзои созмон иштирок намуд. Иштирокчиёни ҷаласа масоили такмили механизмҳои ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ, инчунин ҳолат ва сохтори низоми амнияти дастаҷамъии СААД дар партави таҳдиду хатарҳои мавҷуда ба амнияти давлатҳои аъзои Созмон ва роҳҳои таҳкими онро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимни ҷаласа Баёнияи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД оид ба масоили мубрами байналмилалӣ қабул шуд. Инчунин ҳуҷҷатҳои зерин муҳокима шуданд: “Нақшаи машваратҳои намояндагони давлатҳои аъзои СААД оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои ними дуюми соли 2013 ва нимаи якуми соли 2014”, “Оид ба тасдиқи Рӯйхати мавзуъҳои изҳороти муштарак дар соли 2013”, “Ҳуҷҷатҳо оид ба ташкил ва гузаронидани амалиёт ҷиҳати таъмини сулҳ бо нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ”. Иштирокчиён ҳамчунин як силсила масоили ташкилиро баррасӣ карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






