Истеҳсоли маҳсулоти тозаи экологӣ афзоиш хоҳад ёфт
Душанбе, 15 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тарзи пешбурди биологии истеҳсолоти кишоварзӣ ин на танҳо даст кашидан аз истифодаи нуриҳои минералӣ ва пестистидҳо, балки тадриҷан коҳиш додани воситаҳои химикунонӣ ва гузаштан ба хоҷагидории нав тавассути татбиқи чораҳои алтернативии кишоварзиро дар назар дорад. Ин нуктаро Қосим Қосимов –вазири кишоварзии ҷумҳурӣ имрӯз дар Парлумон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» таъкид кард. Лоиҳаи қонуни мазкур, ки имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар қабул карданд, аз 5 боб ва 15 модда иборат аст. Олимҷон Сафаров-вакили палатаи поёнии Парлумон , лоиҳаи қонуни мазкурро шарҳ дода гуфт, ки он бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза таҳия шуда, истифодаи заҳрхимикатҳоро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба танзим медарорад. Ҳамзамон вазири кишоварзии мамлакат зикр кард, ки мақсади асосии хоҷагиҳои биологӣ ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ дар ҳамоҳангӣ бо экосистемаҳои табиӣ, ҳифз кардан ва баланд бардоштани дараҷаи ҳосилхезии хок, тавсеаи истифодаи захираҳои барқароршаванда, муҳайё сохтани шароити мусоид ва аслии табиӣ барои наботот ва ҳайвоноти кишоварзӣ аст. Олимону мутахассиони бахши кишоварзӣ муайян кардаанд, ки дар натиҷаи мунтазам истифода кардани воситаҳои кимиёвӣ ва пестистидҳо дар таркиби хок моддаҳои устувор ва сахтаъсири кимиёвӣ сол аз сол бештар ҷамъ гардида, қобилияти ҳосилхезии онро паст менамоянд ва албатта, ба саломатии инсон зарар мерасонанд. Инчунин дар раванди истеҳсолоти кишоварзӣ мақсади асосии хоҷагиҳои биологӣ- ин ба даст овардани маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза аст, ки талабот ба он дар ҷаҳони имрӯза сол аз сол меафзояд ва барои рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд. Вазир афзуд, ки Вазорати кишоварзӣ барои тоза нигоҳ доштани вазъи экологӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тоза барои ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ дар доираи «Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2010-2014» истифодаи усули биологии мубориза бар зидди ҳашароти зарарасонро ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад дар ноҳияҳои Ҷилликӯл, Қумсангир, Фархор ва Кӯлоби вилояти Хатлон озмоишгоҳҳои биологӣ ташкил шудаанд. Чунин озмоишгоҳҳо дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ низ фаъолият менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






