Изҳороти матбуотии Сарвазири ҶТ Оқил Оқилов дар нишасти матбуотӣ

Май 6, 2013 16:50

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип пас аз иҷрои мулоқот дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма изҳорот доданд. Оқил Оқилов ташрифи Сарвазири Ҷумҳурии Эстония ва ҳайати ҳамроҳони ӯро ба Душанбе шодбош гуфта, чунин ибрози назар намуд: «Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма, хонумон ва ҷанобон.Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Эстония ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ба Тоҷикистон- ин идомаи мантиқии муколамаи пайвастаи байни ду кишвари дӯст аст, ки дар солҳои охир ба таври бемайлон густариш меёбад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки маҳз дар натиҷаи ин муколама робитаҳои дӯстонаи ба ҳар ду ҷониб судманди Тоҷикистону Эстония фазои нав касб карда, барои нафъи ду кишвар густариш хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаи ин музокирот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ баргузор гардид, қаноатманд мебошад. Мо ҳамкориҳои кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байни ду кишварро муҳокима намудем. Ҳамчунин зимни мулоқот як силсила масоили байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳоро мавриди баррасӣ қарор додем. Зимни баррасии ҳамкориҳои дуҷониба зикр шуд, ки бояд барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб судманд аз имконот ва захираҳои мавҷуда дар соҳаҳои мухталиф истифода шавад. Дар музокирот тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, саноати сабук ва коркардшаванда, бахши аграрӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамчунин таваҷҷуҳи бештар дар мавриди афзун намудани гардиши мол миёни ду кишвар зоҳир гардид ва ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро дар мавриди истифода аз таҷрибаи муваффақи Эстония дар бахши технологияи информатсионӣ ва интернетӣ баён намуд. Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии амиқи худро дар мавриди густариши равобити фарҳангӣ- гуманитарӣ, ки аз бахшҳои афзалиятноки ҳамкориҳои ду кишвар маҳсуб меёбад, баён намуданд. Аснои баррасии масоили минтақавию ҷаҳонӣ мо ҳайати Эстонияро бо ибтикорот ва талошҳои ҷониби Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистони ҳамсоя ва барқарории амну субот дар он шинос намудем. Ҳамчунин ҳайати Эстония бо як силсила нақшаву барномаҳои Тоҷикистон, ки барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар таҳия гардидаву дар навбати худ дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд, шинос гардиданд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҷиҳати равнақ бахшидан ба бахшҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба талош варзанд» .

Май 6, 2013 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад