Коргар-шоир
Турсунзода, 2 май. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Устои таъмиргари барқии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» Музаффар Ҳайдаровро коргарони корхона на танҳо чун коргари пешқадам, балки ҳамчун шоир низ мешиносанд. Ӯ зиёда аз 30 сол боз дар ин корхона фаъолияти пурсамар дорад ва ашъори баландмазмуне ба забони русӣ эҷод менамояд. Ба наздикӣ аз шаҳри Маскав хушхабар расид. Ашъори Музаффар Ҳайдаров дар озмуни сомонаи «Стихи.ру» сазовори ҷои намоён гардида, худи ӯ бо унвони «Шоири соли 2012» ва бо Диплом қадрдонӣ шуд.Боиси тазаккур аст, ки сомонаи «Стихи.ру» аз соли 2000-ум фаъол буда, дар он зиёда аз 500 ҳазор шоирон аз кулли кишварҳои ҷаҳон, ки ба забони русӣ эҷод менамоянд, метавонанд ашъори худро ба хонандагон муаррифӣ намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






