М. Маҳмадаминов бо хатмкунандагони риштаи кори иҷтимоӣ мулоқот намуд
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»).- 30-юми апрел дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазир бо 22 нафар нахустин хатмкунандагони кафедраи «Кори иҷтимоӣ»-и факултаи фалсафаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот декани факултаи фалсафа, мудири кафедраи кори иҷтимоӣ ва устодони кафедро иштирок доштанд. Мақсади вохӯрӣ ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯён ҷиҳати фаъолият дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, инчунин пешниҳод намудани ҷойи кор дар сохторҳои системаи вазорат ва муассисаҳои он дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Гуфта шуд, самаранокии дар амал ҷорӣ намудани ин сиёсат ва қонунгузории соҳа ба малака ва таҷрибаи корӣ ва пеш аз ҳама ба тайёрии касбӣ ва тахассус кормандон вобаста мебошад. Маврид ба зикр аст, ки ихтисоси кори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аввалин маротиба соли 2007 ба реестри тахассусҳои олии касбӣ дохил карда шуда, соли 2008 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултаи иқтисод ва идора ихтисоси кори иҷтимоӣ ташкил карда шуда буд. Баъдан бо талошҳои олимону устодон ва раёсати Донишгоҳ кафедраи кори иҷтимоӣ асос гузошта шуд. Тибқи як шартнома аз 22-юми октябри соли 2012, ки байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба имзо расида буд, донишҷӯёни кафедраи мазкур тавонистанд таҷрибаомӯзии худро дар вазорт ба роҳ монанд. Ба қавли масхулини вазорт мақсад аз ин иқдом омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳа мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






