Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад
Турсунзода , 20 май. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар шаҳри Турсунзода машварати ҷумҳуриявии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор гардид. Дар ҷамъомад раисони раёсати «Тоҷикматлубот»-и ноҳияҳо, директорони бозорҳо, кормандони масъули Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳузур доштанд. Меҳмонон бо фаъолияти мағозаҳо, бозори марказӣ, корхонаи коркарди сабзавоту меваҷот, бо тарзи парвариш ва маҳсулотҳои тайёрнамудаи деҳқонони хоҷагии «Боғи Сомон» ошно гардиданд. Сипас дар толори китобхонаи марказӣ семинари омўзишӣ, ки ҳадафаш ривоҷи кори кооператсия ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта буд, доир шуд. Дар назди ҳозирин Раиси раёсати иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев, раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси ҷамъити матлуботи шаҳри Турсунзода Бўрӣ Бобоев, деҳқонони асил ҳоҷӣ Камол Мадумаров, ҳоҷӣ Неъмат Усмонов, Саъдулло Ишмирзоев ва дигарон андешаронӣ намуданд. Ширкаткунандагони машварат баробари ошноӣ бо кори матлуботчиёни шаҳри Турсунзода, табодули таҷриба ҳам намуда, барои сари вақт расонидани хизмати шоиста ба мардум, махсусан ба деҳқонон нақшаҳо таҳия намуданд. Аз ҷумла, дар щаҳри Турсунзода яхдони калон барои нигоҳдории 200 тонна маҳсулот сохта хоҳад шуд. Хамчунин тибқи нақша корхонаи калони коркарди шолӣ низ сохта мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






