Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда
Душанбе, 29 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар баррасӣ гардиданд. Вакилони Парлумон масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи нотариати давлатӣ», Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» ва «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»-ро муҳокима ва қабул карданд. Абдуҷаббор Ширинов- раиси Бонки миллии Тоҷикистон, вакилон Насрулло Маҳмудов ва Тӯрахон Самадов мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи нотариати давлатӣ»-ро тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи ин қонунҳо барои иҷрои тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул ва «Нақшаи чорабиниҳо ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои гуруҳи мазкур» таҳия шудааст.Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 2004 аъзо ва яке аз муассисони Гуруҳи АвруОсиё аст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






