Муҳокимаи масоили тарбияи кадрҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз намояндагони пулиси кишварҳои ИДМ ва Аврупо дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни конфронси илмию назариявии байналмилалӣ масоили тарбияи кадрҳои низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шароити хавфу хатари имрӯза ва проблемаҳои таъмини амнияти минтақа дар ҳошияи низоми амнияти байналмилалиро мавриди муҳокима қарор додаанд.Иштирокдорони ҷамъомад аз рӯи масоили такмили тарбияи кадрҳои низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шароити хавфу хатар ва истифодаи онҳо бо назардошти риояи ҳуқуқҳои инсон, ҳамчунин такмили низоми амнияти ҷамъиятӣ дар шароити ифротгароии сиёсӣ табодули афкор намуданд.Дар кори конфронси байналмилалӣ намояндагони парлумони кишвар, дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, Пажӯҳишгоҳи ҳамкории байналмилалии Бунёди Ҳанс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон, раисони макотиби махсуси пулиси баъзе кишварҳори ИДМ, Аврупо, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






