Муаррифии китобҳои нави собиқадори дипломатияи тоҷик
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду китоби ба тозагӣ нашршудаи доктори илми иқтисодӣ, профессор, академик Талбак Назаров муаррифӣ шуд. Ҷамъомадро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов ифтитоҳ намуд.Академик Талбак Назаров дар бораи фаъолияти гуногунҷанбаи илмӣ ва ҷамъиятии худ нақл намуда, ба ҳозирон китоби нави хеш «Ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамкорӣ ва амният»-ро муаррифӣ кард. Ҳамчунин ба муносибати 75-солагии академик Талбак Назаров китобе, ки дар он маълумот ва иттилооти комил дар бораи фаъолияти илмию ҷамъиятӣ, феҳристи осори донишманд, мақола ва рисолаҳои мухталифи ин иқтисоддони маъруф гирд оварда шудаанд, ба нашр расидааст. Т.Назаров фаъолияти меҳнатии худро ба сифати муовини декани факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуруъ намудааст. Ӯсолҳои тӯлонӣ ба ҳайси ноиби ректори донишгоҳи мазкур, декани факултаи иқтисодӣ, раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи илмҳои ҶСШ Тоҷикистон, ректори ДДТ, вазири маорифи ҶСШ Тоҷикистон, муовини аввали раиси Шӯрои вазирон, раиси Госплани ҶСШ Тоҷикистон, ноиби президенти Академияи илмҳои ҶСШ Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат намудааст. Арбоби шоистаи илми ҶСШ Тоҷикистон (1988), профессори фахрии Академияи дипломатии Вазорати хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин (2006), дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003), ҷоизаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (2009) Т. Назаров дар рушди соҳаи таълиму тарбия, илми иктисодӣ, таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва фархангии кишвари мо бо мамлакатҳои хориҷӣ, истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо як силсила кишварҳо саҳми сазовор гузоштааст.Дар ҷаласа донишмандони соҳаи иқтисод, устодон ва донишҷӯёни макотиби олӣ ва намояндагони муассисаҳои илмии кишвар ширкат намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






