Муаррифии лоиҳаи «MBA: Мактаби бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-16 майи соли ҷорӣ ҶДММ «Имкон Консалтинг» дар ҳамкорӣ бо Мактаби олмонии бизнеси «Steinbeis University Berlin»( SHB) ва бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency», муаррифии амалӣ намудани нахустин лоиҳаи омӯзишии «MBA: Мактаби бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор мекунад. Дар чорабинӣ иштирокчиён метавонанд дар бораи барномаи МВА SHB бештар маълумот гирифта, оид ба технологияи омӯзиш, ки ба менеҷерҳои ташкилотҳои ватанӣ имконияти гирифтани ихтисоси идораи олии сатҳи байналмиллалӣ (Master of Business Administration)-ро аз ҳудуди кишвар берун набаромада мегиранд, тасаввурот пайдо мекунанд. Ҳамчунин иштирокчиён бо усулхои фаъоли таълим, ки ҳангоми амалӣ намудани лоиҳа истифода мешаванд, шинос мегарданд. Ба чорабинии мазкур роҳбарони сохторҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон даъват шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






