Мулоқоти ҳайатҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин
Душанбе, 14 май (АМИТ «Ховар»).- 13 майи соли 2013 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҳти роҳбарии сардори Раёсати амнияти Вазорати корҳои хориҷии ҶМЧ Тсю Гохун ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои баргузории аввалин машваратҳои Тоҷикистону Чин оид ба масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистонро баъди хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ алайҳи терроризм дар соли 2014 матраҳ намуданд. Дар ин робита, аҳамият ва зарурати таҳкими ҳамкории дуҷониба бар зидди чолишҳо ба бехатарӣ, чун терроризм, ҷудоиҳоҳӣ ва ифротгароӣ зикр карда шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






