Мулоқоти Э. Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки осиёии рушд
Душанбе, 21 май (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиаоу Жаоро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот доир ба ҳамкории кунунӣ ва дурнамои умедбахши ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки соҳибнуфуз гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Аз татбиқи босамари лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе Турсунзода ва Айнӣ Панҷакент, ки бо сармоягузории грантии Бонки осиёии рушд сурат мегирад ва лоиҳаҳои дигари оянда чун навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб Ховалинг, лоиҳаи истеҳсоли нерӯи барқ аз гармии офтоб бо ҷалби 20 миллион доллари амрикоӣ грант изҳори қаноат карда шуд.Шиаоу Жао изҳор дошт, ки Бонки осиёии рушд омода аст, ба омодасозии лоиҳа, имконсанҷии иқтисодию техникӣ ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон мусоидати фаъол намояд.Ҳамчунин доир ба арсаҳои нави ҳамкорӣ дар оянда табодули андеша карда шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






