Мулоқоти Э. Раҳмон бо Роҳбари ширкати Роҳҳои оҳани Русия
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати Роҳҳои оҳани Русия Владимир Якунинро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва назди баҳри Балтика дар бахши нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ шуд.Аз натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони сохторҳои марказии ин кишварҳо дар бахши роҳи оҳан, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, изҳори хушнудӣ карда шуд.Владимир Якунин ҳавасмандии Русияро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин ва дигар самтҳои судбахш таъкид намуд.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






