Мулоқоти Э. Раҳмон бо Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон
Душанбе, 16 май (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон Каликбек Султоновро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, амнияти минтақавӣ ва илму фарҳанг баррасӣ шуд.Бо ишора ба дӯстии анъанавӣ, ҳамсоягии накӯ, шарикии боэътимод ва ҳамфикрии Тоҷикистону Қирғизистон доир ба аксари масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба таҳким ва густариши муносиботи ҳасана ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






