Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Ҷумҳурии Корея
Душанбе, 22 май (АМИТ «Ховар»).-21 майи соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Дэ-ванро бино бар ба итмом расидани фаъолияташ ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо аз вазъи кунунии рушди ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳавасмандии ҷониби тоҷикистониро ҷихати рушди ҳамкории минбаъда бо Ҷумхурии Корея дар самтҳои гуногуни қобили таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) иброз кард. Дар фарҷоми мулоқоти пурмуҳтаво вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея миннатдории худро барои саҳми назаррас дар рушди муносибатҳои дӯстона байни ду давлат изҳор намуд. Инчунин изҳори умедворӣ карда шуд, то сафири кишвари дӯст дар адои вазифаи оянда фаъолиятро баҳри рушд ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар идома хоҳад дод. Мулоқот дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ ҷараён дошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






