Мусовии футболбозони тоҷик бо дастаи Қувайт

Май 11, 2013 09:41

Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон (U-19) нахустин бозии санҷишиашро дар доираи давраи омодагӣ ба сабқати интихобии Қаҳрамони Осиё дар Қувайт бо мунтахаби ҷавонони ин кишвар мусовӣ анҷом дод. Дар ин бора ФФТ хабар дода, афзудааст, ки ин бозӣ дар варзишгоҳи «Казма», дар ҳузури 50 ҳазор мухлис сурат гирифта, пагоҳ барои анҷоми бозии ҷавобӣ ин ду даста боз вориди сабқат мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон (U-19) давраи омодагии худро ба сабқати интихобии қаҳрамони Осиё таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар Қувайт мегузаронад.

Май 11, 2013 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш