Мувофиқаи номгӯи индикаторҳои ҳифзи хуқуқҳои кӯдак дар сатҳи миллӣ

Май 6, 2013 15:10

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Мувофиқаи номгӯи индикаторҳои ҳифзи хуқуқҳои кӯдак дар сатҳи миллӣ»- таҳти чунин унвон 4 майи соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мизи мудаввар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ (Исфара, Рашт ва Кӯлоб)-и кишвар баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ва муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен сухан гуфтанд. Сипас, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат дар мавзуъҳои «Раванди банақшагирӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ва ҷорӣ намудани номгӯи индикаторҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар барномаҳои рушди маҳаллӣ», «Номгӯи индикаторҳо барои ворид намудан ба системаи Devinfo» маърӯза намуданд. Дар интиҳои мизи мудаввар байни иштирокчиён атрофи мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Май 6, 2013 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид