Намояндаи ҳизби аграрӣ ба курсии вакилӣ нишаст
Душанбе, 15 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндаи 46-солаи ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайнуддин Сафаров имрӯз бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб гардид. Мавсуф 5 май дар интихоботи миёнадавраии ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 бо гирифтани 73,2% -и раъйи интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. З. Сафаров дорои ду маълумоти олӣ дар бахши кишоварзӣ ва ҳуқуқшиносӣ буда, хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Номбурда то ин вақт дар вазифаи муовини директори Агентии таъмини амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо фаъолият мекард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






