Нашри «Заршохаҳои ишқ»-и Адиба бо ҳуруфи форсӣ
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Имрӯз бо иштироки аҳли адаб дар толори Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои кишвар маросими рӯнамои китоби “Заршохаҳои ишқ”-и шоираи ҷавон Адибаи Азиз, ки онро Дафтари фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Афғонистон дар Тоҷикистон бо ҳуруфи форсӣ нашр кардааст, баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки Адиба дастпарвари факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, то имрӯз аз ӯ китобҳои шеъри «Сад барги ҳиҷрон» «Паррандаҳои қафасӣ» ва «Тулуъ дар бандар» ба дасти хонанда расидааст. Китоби «Заршохаҳои ишқ»-ро соли гузашта нашриёти «Адиб» бо хатти кириллӣ чоп карда буд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






