Оғози мусобиқаи «Оянда ба ту вобаста аст!»

Май 2, 2013 10:37

Душанбе,2 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Дар варзишгоҳи ноҳияи Шаҳринав марҳилаи аввали мусобиқаи муқаддамотии футболи хурд миёни кӯдакони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ бо дастгирии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» баргузор шуд.Тавре ки дар ин бора аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» хабар доданд, дар мусобиқа кӯдакони солҳои таваллуди 1998-2001 ширкат карданд.Дар даври аввал тими кӯдакон, донишомӯзони мактаб-интернати шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав бозӣ карданд ва тими шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз шуд. Дар даври дуввум тими навҷавонони мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав ва хонаи кӯдакони ноҳияи Турсунзода рақобат карданд, ки кӯдакони ноҳияи Шаҳринав бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯзӣ ба даст оварданд. Ёдрас мешавем, ки ғолибони даври ниҳоии мусобиқаи футболи кӯчак соҳиби роҳхат ба Ҷоми «Оянда ба ту вобаста аст!», ки он дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор мешавад, мегарданд.

Май 2, 2013 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад