Озмуни ҳофизони Қуръони азимушшаън дар рӯзи одина оғоз меёбад
Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Рӯзҳои 10 -11 майи соли равон дар Душанбе таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии ҳифз ва қироати Куръони Карим гузаронида мешавад. Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа созмондиҳандаи ин чорабинии фарҳангист. Изатулло Давлатов- раиси комиссияи тадорукоти озмун дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар озмуни ҳофизони Қуръони Карим кӯдакону наврасон ва ҷавонони то 25- сола ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Интизор меравад, ки дар озмун беш аз 100 нафар наврасону ҷавонон аз минтақаҳои мухталифи кишвар иштирок намоянд. Озмуни қориёни Қуръони азимушшаън дар панҷ ришта -ҳифзи 20 ҷузъи Қуръони Карим, ҳифзи кулли Қуръони азимушшаън, ҳифзи кулли Каломуллоҳи Маҷид бо ҳамроҳи 3 ҷузъи он бо тафсир, ҳифзи кулли Қуръони Шариф бо ҳамроҳи ҳифзи 40 ҳадиси Имом Нававӣ,- “Ғароибул Қурро” ҳифзи кулли Қуръони Карим ҳамроҳи донистани тамоми саҳифаҳо, шумораи оятҳо ва номи сураҳо гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии ҳифзи Қуръони Карим боло бурдани донишу фарҳанги исломии наврасону ҷавонон аст. Беҳтарин ҳофизони Каломуллоҳи Маҷидро ҷоиза ва туҳфаҳо интизор аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






