«Равшан» боз мағлуб шуд
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»). – Қаҳрамони ҳозираи Тоҷикистон оид ба футбол дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб дар ҳошияи даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2013 вохӯрии охирини худро анҷом дод. Футболбозони шаҳри Кӯлоб дар вохӯрии даври шашум байни дастаҳои гурӯҳи «Д» дар варзишгоҳи «20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» — и шаҳри Хуҷанд бозиро бо ҳисоби 1 бар 3 ба дастаи «Ал – Шорте» — и Сурия бохтанд. Ба ҳамин тариқ, дастаи «Равшан» дар ҳамаи шаш вохӯрӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё мағлуб шуд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






