Рушди фарҳанг дар Шӯрообод
Шӯрообод, 20 май. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бинобар иттилои раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов бо мақсади баланд бардоштани соҳаи фарҳанг ва иттилоот, инчунин тавқияти сатҳи маънавӣ, ахлоқӣ ва худшиносию ватандӯстии омма мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста кӯшиш ба харҷ дода, баҳри рушди ин соҳа тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд. Ба гуфтаи манбаъ соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷаи маҳалии ноҳия ба соҳаи мазкур зиёда аз 230 ҳазор сомонӣ ҷиҳати хариди таҷҳизот, таъмири клубу китобхонаҳо ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ҷудо шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи соҳа мусоидат кард. Дар ин давра бинои нави китобхона ба маблағи 10 000 сомонӣ дар деҳаи Саримазори ҷамоати Ёл ба истифода дода шуда, инчунин таъмири ду китобхонаи дигар дар ҷамоатҳои Доғистон ва Зулмобод идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






