Сафари расмии Э. Раҳмон ба Шоҳигарии Таиланд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

Май 17, 2013 08:04

Душанбе, 17 май (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Таиланд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин рафт.Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Зимни сафар Сарвари давлати Тоҷикистон нахуст аз Шоҳигарии Таиланд боздиди расмӣ анҷом медиҳад. Мулоқоти судбахш бо Сарвазири ин кишвар Йинглак Шинаватра дар назар аст. Ҳамчунин як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ва баёния аз натиҷаҳои сафари расмӣ ба имзо мерасад.Дар Шоҳигарии Таиланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” иштирок ва суханронӣ мекунад. Зимни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бошад Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ин давлат Си Ҷинпин, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси Умумичинии намояндагони мардумӣ Чжан Дэҷян, Муовини якуми Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Чжан Гаоли, Раиси Шӯрои мудирони Бонки давлатии рушди Чин Ху Хвэйбан, Президенти Бонки содироту воридоти Чин Ли Жео Гу ва Губернатори музофоти Хэнан Се Фучжан мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин интизор меравад, ки беш аз 10 санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расад. Дар миёни онҳо Эъломияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Чин, созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодӣ-техникӣ ва санадҳои дигар доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои нави зербиноӣ хоҳанд буд.Таъкид бояд дошт, ки бо барқарор шудани муносибатҳои шарикии стратегӣ дар таърихи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин саҳифаи тозае боз хоҳад шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 17, 2013 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд