Ш. Зуҳуров доир ба сиёсати иҷтимоии ҳукумат ибрози назар кард

Май 6, 2013 09:30

Душанбе, 6 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар доираи сафари худ ба шарқи мамлакат дар ноҳияи Тоҷикобод бо намояндагони гуногункасби ноҳия мулоқот анҷом дод. Шукурҷон Зуҳуров доир ба сиёсати иқтисодии хукумати Тоҷикистон ибрози назар намуда гуфт, ки: «Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи сиёсати иқтисодии кишвар таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки ҳадафи мо – тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аст».Раиси Маҷлиси намояндагон доир ба маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ изҳори назар намуда, гуфт, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Парлумон омадааст, ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ то соли 2020-ум аз 12 то ба 16 % -и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонида мешавад. Ин имконият медиҳад, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷавӣ, нафақа ва стипедия дар ин давра аз 2,5 то 3 баробар зиёд карда шавад.Зикр шуд, ки вобаста ба татбиқи ин мақсад дар марҳалаи аввал аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷавӣ аз 20 то 30 % зиёд карда мешавад, ки ин барои беҳтар гардидани вазъи рӯзгори ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Дар мулоқот ҳамзамон масоили фаро гирифтани ҷавонону духтарон ба таҳсил ва омӯзиши илмҳои муосир, ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти ваҳдати комил дар миёни қишрҳои гуногуни ноҳия матраҳ гардиданд.

Май 6, 2013 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!