Ширкати Н. Саидов дар ҷаласаи ҳамкории сартосарии шарикӣ
Душанбе, 22 май (АМИТ «Ховар»).- Имрўз дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шўрои директорони Ҳамкории сартосарии шарикӣ дар соҳаи маориф баргузор гардид, ки дар кори он вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ширкат намуд.Дар ҷаласаи мазкур масъалаи ҷудо намудани грант ба маблағи 16 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ барои маблағгузории лоиҳаи чоруми Фонди ҳамкории сартосарии шарикӣ дар соҳаи маориф тасдиқ гардид. Лоиҳаи мазкур аз 1 сентябри соли 2013 то 31 августи соли 2016 амалӣ мешавад.Дар назар аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур масъалаҳои омўзиши барвақтии кўдакон, таҳсилоти инклюзивӣ, афзоиши фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти томактабӣ, навсозии мазмуни таҳсилоти умумӣ дар асоси гузариш аз модели донишандўзӣ ба модели салоҳиятнокии таълим, тақвияти иқтидори касбии омўзгорон, рушди инфрасохтор ва заминаи моддию техникии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, тақвияти иқтидори кадрии соҳаи маориф ва баланд бардоштани самаранокии он мавриди омўзиш ва ҳал қарор дода шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






