Таҷлили Рӯзи байналхалқии осорхонаҳо
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 17-май дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмию фарҳангӣ дар мавзӯи «Осорхона- инъикосгари таърихи тамаддун» ва 75-солагии бостоншиноси маъруф, меросбардори ёдгори ниёгони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, профессор Саидҷон Марофиев бахшида ба Рӯзи байналхалқии осорхонаҳо баргузор гардид. Тавре ки сармутахассиси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев иттилоъ дод, конфронсро сарвари осорхона Мансурҷон Бойматов ифтитоҳ кард. Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Обидҷон Назаров ҳозиринро бо Рӯзи байналхалқии осорхонаҳо табрик гуфт. Дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Ш. Шарипов аз фаъолияти илмии профессор Саидҷон Марофиев, директори кулли осорхонаҳои шаҳри Исфара Абдуманнон Раупов дар боби асрори таъриху тамаддуни Исфараи бостонӣ сухан гуфтанд.Ҳунармандони ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» бо барномаи ҷолиб хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.Дар ниҳоят барои ҳозирин сайри илмӣ ташкил шуда, намоиши нигораҳо аз фонди осорхонаҳои вилоят ва ретро-автомобилҳо барпо гашт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






